Ба гузориши хабарии Абно бо истинод ба шабакаи Ал-Маёдин, Русия ва Чин дар баёнияи муштарак дахолати харобиовари хориҷиро дар АвруОсиё маҳкум карданд.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки дахолати харобиовари хориҷӣ дар шароити кунунӣ омили асосии заиф шудани субот дар тамоми минтақаи АвруОсиё аст.
Ли Сиан, нахуствазири Чин низ дирӯз чоршанбе дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия, гуфт: Чин омода аст ҳамкориҳои судманди мутақобиларо бо Русия дар ростои манфиатҳои миллатҳои ду кишвар густариш диҳад.
Нахуствазири Чин дар ин бора идома дод: тарафи чинӣ омода аст дар сатҳи олӣ бо тарафи русӣ ҳамкорӣ кунад, то эътимоди мутақобиларо пайваста тақвият бахшад ва ҳамкориҳои чандониву судманди дуҷонибаро ба манфиати миллатҳоямон густариш диҳад.
Your Comment